(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши аксбардорони ҷавон «Нигоҳи дирӯзу имрӯз»Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба «Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» дар намоишгоҳи Арт галиреяи «Сомониён» намоиши аксбардорони ҷавон зери унвони «Нигоҳи дирӯзу имрӯз» баргузор гардид. Дар намоиш 30 адад аксҳои аксбардорони ҷавон Ҷӯрабой Ҷумаев ва Санҷар Манасиян барои тамошо гузошта шуд.
Аксбардорон бештар маводи худро дар жанри «Чеҳранигорӣ» ва «Импревизатсия» манзури тамошобинон намуданд.
Дар расми ифтитоҳи он мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат намуда, зикр кард, ки ташаббуси ташкили ин намоишро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастгирӣ намуда, пайваста барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва эҷодкор тамоми имконияту шароитҳои мавҷударо фароҳам меоранд. Маҳз чунин фаъолияти чунин ҷавонони эҷодкор барои боло рафтани завқи зебоипарстӣ мусоидат менамояд.
Фаъолият намудани маҳфилҳои эҷодӣ дар назди хонаҳои маданияти шаҳр студияҳои эҷодии аксбардорӣ, ки маҳз аз ҷониби ҷавонони лаёқатманд ташкил шуда, фаъолияти густарда доранд, шаҳодати гуфтаҳои болост.
Намоиши мазкур то санаи 20 майи соли равон идома ёфта, хоҳишмандон ҳамарӯза имконияти озодона тамошо намудани маҳсули эҷоди аксбардорони ҷавонро доранд.