(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳашари ҷавонон барои обод намудани соҳили дарёи Сир.Бо мақсади таҳкими сиёсати ободкорӣ ва созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар баробари гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо ва корҳои ободонӣ барои дар шароити мусоид нигоҳ доштани мавзеҳои истироҳатӣ ва соҳили дарёи Сир, ки рамзи зебогӣ ва нотакрории маркази вилоят аст, чораҳои амалӣ меандешад.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони фаъол ва варзишгарони мактабҳои варзишӣ ба ҳашар баромада, соҳили дарёро аз алафҳои бегона ва партов тоза намуданд.

Ин чорабинии муҳимро Раҷаббой Аҳмадзода бевосита роҳбарӣ намуда, ҷавононро даъват намуд, ки барои тозаю обод нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд, мавзеҳои истироҳатӣ ба хусус соҳили дарё бетараф набошанд ва тарғибгари обод нигоҳ доштани шаҳр бошанд.
Дар ин кори муҳим наздик 300 нафар ҷавонон, варзишгарони мактабҳои варзишии шаҳр ширкат намуда, дар ободии ҷойҳои фароғатӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Ширкаткунандагони ҳашар қарор намуданд, дар рӯзҳои минбаъда низ ин корро идома дода ҳар ду тарафи соҳилро ба тартиб оранд.