(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Мусобиқаи шоҳмот байни нобиноёни шаҳри Хуҷанд.

Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 2 майи соли 2014, №224 «Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Тоҷикистон – кишвари ҷавонон»» чорабиниҳои оммавӣ идома дорад. Дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ байни нобиноён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 20 нафар дар тахтаи махсус, ки барои шашкабозии шахсони нобино пешбинӣ шудааст, байни ҳам мусобиқа намуданд.
Дар ҷамбасти мусобиқа Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, ба ғолибони озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Аз рӯи натиҷаҳо дар мусобиқа байни мардҳо мақоми аввал насиби Алиев Ғ. гашта, ҷойҳои дуюм сеюмро С. Дӯсматов А.Мирбобоев комёб гаштанд. Байни занон бошад нишондиҳандаи беҳтаринро аз рӯи намуди шашкаи русӣ М.Мӯминова, дар ҷойи дуюм С.Ҷалилова ва ҷойи сеюмро бошад З.Мунавварова ишғол намуданд. Ҳамчунин мардҳо байни худ дар бозии шоҳмот низ сабқати зеҳнӣ намуда, С.Сафаров шоҳмотбози беҳтарин дониста шуд. Дар мақоми дуюму сеюм бошад Д.Сатторов ва У.Ҷаҳонгиров қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабини тарғибу ташвиқ намудани шоҳмот ва шашкаи русӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишии нобиноён маҳсуб мешавад. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд наздик 300-нафар чунин шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷамияти нобиноёни маркази вилоят номнавис шудаанд.