(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар қисми низомӣ «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида шуд.Баҳри татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 апрели соли 2014 ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 2 майи соли 2014 таҳти рақами 224 ва нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд "Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори "Тоҷикистон - кишвари ҷавонон" бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон санаи 10 май дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» ва вохурии ҷавонони синни то даъватӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова сарбозону афсаронро аз номи Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, мувофиқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд ба қисми низомии мазкур телевизори ранга ва ба афсарону сарбозон маводи гигиенӣ тақдим карда шуд. Дар навбати худ сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев сарбозонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон ҷавонони синни тодаъватӣ аз шароити хизмати сарбозон дар қисми низомӣ шинос гардиданд.