(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр ҷараён дорад.Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эълон гаштани «Соли 2014 - соли роҳҳои обод» таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр ба маром ҷараён дорад.
То имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Идораи давлатии истифодабарии роҳҳои маркази вилоят зиёда аз якуним километри роҳи кӯчаҳои ба номи Раҷабовҳо, Грибоедов, Ҳаким Карим барои азнавсозӣ, таъмир ва мумфаршкунӣ омода карда шуда, кӯчаҳои ба номи Фирдавсӣ, Мичурин ва Шарқ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Пешбинӣ карда шудааст, ки дар кӯчаҳои омодаи таъмир шуда дар ҳафтаи ҷадид корҳои мумфаршкунӣ оғоз меёбанд. Таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр ҷараён дорад.То имрӯз кӯчаҳои Сирдарё, Барака Бобоева, Шӯро ва ба номи Б. Ёқубов бошад, тавассути асфалтхобонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки то интиҳои соли равон бояд 116 километри роҳҳои шаҳри Хуҷанд бояд асфалтпӯш карда шаванд.