(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тамрини намоишии заврақронон дар Сирдарё.Барои варзишгарони намуди заврақронӣ мавсими нави тамрину мусобиқа оғоз ёфт.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Тоҷикистон – кишвари ҷавонон» ва таҷлили ҷашни «69 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941-1945» 30 нафар заврақрон дар Сирдарё тамрини намоишӣ намуданд.
Тибқи нақша чорабинии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд чунин машқҳо бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба ин намуди варзиш баргузор гардида, бо тарзу усули ба худ хос, - оро додани заврақи варзишӣ бо шиору парчам сурат мегирад. Он давоми се рӯз идома ёфта, ҳамзамон варзишгарон ба мусобиқаҳои имсола омодагӣ мегиранд.