(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оғози фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонӣ.Дар паи иҷроиши супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардида буд, дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва фаъолияти корхонаҳои хурду миёна, марказхои хизматрасони, ки барои беҳтар гаштани сатҳи зиндагии сокинон, сифатан боло рафтани маҳсулоти дохилӣ ва хизматрасонӣ мусоидат намуда истодааст, вусъати тоза мегирад.
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасонии «Шоира люкс» ба фаъолият оғоз намуд. Ба ин муносибат расми кущоди ин марказ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  баргузор гардид.
Ин марказро соҳибкори маҳаллӣ Дилбар Турсунова ба маблағи якуним миллион сомонӣ бунёд намуда, он аз толори мӯд, ҳусн ва савдо иборат аст. Ба мизоҷон 80 намуди либосҳои арӯсии миллӣ ва аврупоӣ, чанд намуди хизматрасонӣ аз қабили ороиши занону арӯсон, духтани либос, намоиши либос ва ғайра дар сатҳи баланд, пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон 50 нафар сокинони маркази вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд хангоми боздид, бобати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ташкили фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, ширинӣ ва дигар маводи ғизо бо нархҳои нисбатан арзон дастур дод.
Дар баробари ин дар Маркази савдою хизматрасонии мазкур маросими хатнатӯйии 10 нафар наврасон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Маъракаи хайрро ҳузури 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳомати хоса бахшид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба онҳо тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорида изҳори умедворӣ намуд, ки ин наврасон чун пирони шуҷоатмандони ватан ба воя расида барои миллату давлат хизмати арзанда хоҳанд кард.