(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни ҷанг рафт.

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони маъюбу танҳо ва камбизоатро аёдат намуд.
Раиси шаҳр кӯмаки молии сарвари давлат 1000 сомонӣ, ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 500 сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба миқдори 250 сомонӣ, маблағ супорид.
Собиқадори ҷангу меҳнат Тоҳир Саидов, ҳамсари ҷанговари шаҳид Қобилҷон Қобилов - Тоҷиниссо Қобилова, худ низ солҳои ҷанг дар ақибгоҳ хизмат кардааст, аз иқдоми давлату ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда сипосу дуои нек намуд. Раиси шаҳр баробари табрикоти самимӣ ҳамаи аёдатшудагонро ба истиқболи 69-умин солгарди ғалабаи бузург табрик намуда, изҳор намуд, ки диловариву шуҷоати онҳо барои имрузиён дарси ибрат ва шоёни арҷгузорист. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маюб ва иштирокчии ҷанг Ғаффор Бобоев аробачаи маъюби тӯҳфа карда шуд. Ин ҷанговар аз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш кард, ки ӯро барои аёдати ҳамяроқонаш ба Маскав фиристанд. Ин дархост пазируфта шуд.

Раиси шаҳр дар ин рӯз 10 нафарро аёдат намуд. Ин амали неку савоб аз ҷониби корхонаю ташкилотҳои мухталиф идома дорад.