(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Поси хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз дар дар шаҳри Хуҷанд, назди ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба 69-умин солгарди ғалабаи халқи шӯравӣ ба фашизм танатанаи пуршукӯҳ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни ҷангҳои байналмиллал, сокинони маркази вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи шуҷатмандони ватан, ки дар набардҳои шадид ҷонбозиҳо намудаанд, дар лаҳзаи мутантан ба пояи ёдгории шаҳидони ин ҷанг гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони диёр, ки баҳри озод намудани инсоният аз фашизми гитлерӣ қурбон гаштаанд, пос доштанд.
Сипас роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо низ ҳамроҳи кормандони худ бо гулу гулдастаҳо эхтироми ҷоннисорони диёрро ба ҷо оварданд.