(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Падарони шуҷоу шарафманд!
Фарорасии иди фархунда - 69-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.
Шасту нӯҳ сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми Иттиҳоди Шӯравиро ба комаш фурӯ бурд.Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 300 ҳазор нафар тоҷикистониён паҳлӯ ба паҳлӯи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ Ватанро ҳифз намуданд. 90 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд, дар майдонҳои набард, дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон Германия ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.

Он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ меомӯзад.
Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд: «Таҷрибаи бой, маслиҳати муфид ва насиҳатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат аҳамияти хосаро доро буда, барои наслҳои имрӯзу фардои миллат чун беҳтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунад».
Солҳо мегузаранд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд, барои асрҳои дигару наслҳои дигар аз бузургии инсонҳои некному абадзинда огоҳӣ мебахшанд. Ҳушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих будааст.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз, комронию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рӯи Замин ҷовидон бошад!



Идатон муборак ҳамдиёрони гиромӣ!

800x600

Ҳамдиёрони азиз!

Падарони шуҷоу шарафманд!

Фарорасии иди Ғалабаро барои тамоми инсонияти тараққихоҳи дунё азизу мӯътабар ва фархунда 69-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.
Шасту нӯҳ сол муқаддам дар ҳамин гуна р
ӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми Иттиҳоди Шӯравиро ба комаш фурӯ бурд.
Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонс
ӯз 300 ҳазор нафар тоҷикистониён паҳлӯ ба паҳлӯи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ Ватанро ҳифз намуданд. 90 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд, дар майдонҳои набард, дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон Германия ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.
Он қаҳрамон
ӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ меомӯзад.
Ҷаноби Ол
ӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд: «Таҷрибаи бой, маслиҳати муфид ва насиҳатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат аҳамияти хосаро доро буда, барои наслҳои имрӯзу фардои миллат чун беҳтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунад».
Солҳо мегузаранд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд, барои асрҳои дигару наслҳои дигар аз бузургии инсонҳои некному абадзинда огоҳ
ӣ мебахшанд. Ҳушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих будааст.
Дар ин р
ӯзи нек ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз, комронию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рӯи Замин ҷовидон бошад!

 

Идатон муборак ҳамдиёрони гиромӣ!

Normal 0 false false false RU X-NONE X-NONE MicrosoftInternetExplorer4