(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз басо рамзист, ки дар қаламрави кишварамон рӯзи касбии кормандони соҳаи андоз таҷлил гардида истодааст. Бо истифода аз фурсад шумоёнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ин рӯзи фирӯз табрику таҳният менамоям.
Боиси тазакур аст, ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ рушди устувори иқтисодиёт, аз ҷумла ташаккули бомароми буҷети давлатӣ, аҳамияти басо хоса дошта, он барои тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ заминаи устувор мегузорад. Дар ин раванд саҳми ҳамарӯзаи кормандони мақомоти андоз назарас арзёбӣ мегардад.Маҳз маҳсули фаъолияти самараноки кормандони ин соҳа буд, ки нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатии шаҳр сол аз сол пурраю барзиёд иҷро гардида истода, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи он 107,5% иҷро гардид, ки ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта бошад 12,4 млн. сомонӣ зиёд андозҳо ва пардохтҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Чӣ хеле, ки аз мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар самти рушди воқеии истеҳсолот, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар навбати худ барои ташакули табақаи миёна заминаи мусоид фароҳам оварда дар маҷмӯъ тараққиёти босуботи иқтисодӣ кишварро таъмин менамояд. Аз ин рӯ ҷиҳати тадбиқи амалии гуфтаҳои боло имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ки барои содда намудани тадбирҳои андозбандӣ ва маъмурикунонии онҳо чораҳои муосир андешида камбудию норасогиҳои дар ин самт ҷой доштаро бо ҳамбастагӣ ҳаллу фасл намоем. Дар ин ҷода дар шаҳр нерӯ ва малакаи мутахассисони фаъол басанда буда, барои ҳарчӣ бештар ҷалби онҳо баҳри татбиқи вазифаҳои дар пеш истода чораандешӣ бояд кард.
Дар ин ҷода баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегии кишварамон, ташаккули босуботи маҷмӯи даромадҳои буҷети давлатӣ ба ҳамаи Шумоён комёбӣ ва пирӯзӣ орзу менамоям.




Бо эҳтиром,

Раиси шаҳр                                              Раҷаббой Аҳмадзода