(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли чархи нақлиётӣ кушода мешавад.

Субҳи имрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони ширкати чинии «Янтай Юанченг Голд, LTD» - ро бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ширкати мазкур Хао Жуминг ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот, ки ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат дошт, ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, бо сармоягузории соҳибкорони чинӣ ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли резинаҳои чархи автомобил бо иқтидори 1 миллион дона дар як сол бунёд мешавад. Бо баробари фаъол гаштани корхона имконят пайдо мешавад, ки беш аз 1000 нафар шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гарданд. Бояд қайд намуд, ки бунёди чунин корхона дар Осиёи Марказӣ нахустин буда, он метавонад тамоми минтақаро бо маҳсулот таъмин созад. Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин амалро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин зикр шуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба рушди соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар қаламрави кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, баҳри дастгирии ин раванд як қатор имтиёзҳои давлатӣ муайян карда шудааст.
Раиси вилоят пешниҳод намуд, ки соҳибкорон дар вилоят бунёди коргоҳи истеҳсоли техникаҳои кишоварзиро низ ба роҳ монанд. Зеро барои бунёди чунин корхона заминаҳои мусоид мавҷуд буда, талабот низ хело зиёд мебошад.
Хао Жуминг дар навбати худ аз дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти вилоят арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҷонибдори густариши ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Бояд гуфт, ки Хао Жуминг роҳбари корхонаи азими истеҳсоли резинаҳои чархи автомобил дар Чин аст, ки иқтидори истеҳсолии он 3 милион дона резина барои автомобилҳои махсус ва 8 милион дона барои автомашинаҳои сабукрав мебошад.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин як корхонаи бузург дар вилоят барои таъмини бозори дохилӣ ва минбаъд содироти он ба манфиати кор хоҳад буд.
Худи ҳамин рӯз соҳибкорони чинӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин минтақа бо дастуру супориши бевоситаи Сарвари давлат таъсис ёфта, айни замон дар он 22 корхонаи истеҳсолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғуланд.