(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи коркарди пӯст ва пойафзолбарорӣ кушода мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст, ки «Дар шароити рақобати шадиди бозорӣ моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру саранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем».
Бо мақсади амалӣ гаштани ин нуқтаи паём Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас менандешад. Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо роҳбарони коргоҳи коркарди пӯсти "Анбар" Равшанхон Усмонов ва "Тоҷик эко чарм" Комрони Сафар мулоқоти корӣ анҷом дод.
Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти ин ду коргоҳ пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи ҳам коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзолбарорӣ бунёд намоянд. Дар навбати худ барои онҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми шароиту имкониятро фароҳам хоҳад овард.
Роҳбароияи коргоҳҳои номбурда омодагии худро барои амалӣ гаштани ин нақша изҳор намуда, илова намуданд, ки маҳсулоти онҳо бо таҷҳизоти муосири аврупоӣ коркарду истеҳсол шуда, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои маҳсулоти баландсифат хоҳад буд.
Дар баробари ин барои 100 нафар ҷойи корӣ ва маоши арзанда таъмин хоҳанд шуд.