(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Харакати нақлиёту пиёдагард дар шаҳри Хуҷанд назорат мешавад.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Департаменти ширкати НUAWEI дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хенк Щюро ба ҳузур пазируфт. Ширкати мазкур бо дастуру дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон лоиҳаи беҳтар намудани вази ҳаракати роҳро амалӣ менамояд.
Ҳоло дар асоси марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе тамоми кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт бо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳхои назорати суръати нақлиёт таҷҳизонида шуда, тамоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон зери назорат гирифта шудааст.
Марҳилаи дуюми ин лоиҳа бошад, насби камреҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳи назорати суръати нақлиёт, гузоштани аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои уфуқӣ дар кучаҳои маркази вилоятро дар бар гирифтааст. Бо ин мақсад ба муддати зиёда аз як моҳ мутахассисони ширкати мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазъи роҳҳои шаҳри Хуҷандро таҳлил намуда, марҳилаи навбатии лоихаро омода намуданд.
Намояндаи Ширкати НUAWEI Хенк Щю ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати дастгирии ҳамҷониба изҳор сипос намуда, зикр кард, ки ин робитаю ҳамкории хуби тарафайн барои бо сифат ба анҷом расондани корҳои ба нақша гирифта шуда, мусоидат хоҳад кард.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умедворӣ намуд, ки амали гаштани лоиҳаи мазкур барои сифатан беҳтар гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ аз ҷониби ронандагон, паст бурдани миқдори ҳуқуқвайронкуниҳои ронандагон ва пиёдагардон мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи лоиҳаи мазкур Ширкати НUAWEI тасмим гирифтааст, дар кӯчаҳои маркази вилоят 650 камераҳои мушоҳидавӣ, 35 чароғакҳои раҳнамо ва 40 дастгоҳи назорати суръат насб намуда, аломатҳои роҳ ва хатти уфуқии роҳҳои нақлиётӣ навсозӣ гарданд.
Амалишавии ин лоиҳа ба кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ имкон медиҳад, ки назорати ҳаракаи ронандагон ва пиёдагардонро дар як вақт аз нуқтаи марказии назоратӣ мушоҳида намоянд.