(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Федератсияи Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмиллалӣ, аз рӯи намуди муҳорибаи ҷанги дастӣ имрӯз оғоз ёфт. Дар он дастаҳои варзишгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд.
Мусобиқа дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 26-27 апрел идома меёбанд.