(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯз аз «Нигоҳи ҷавонон»

Дар Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд, намоиши аксҳои наврӯзӣ бо унвони «Наврӯз дар шаҳри ман» баргузор гардид. Намоиши мазкурро аъзоёни маҳфили аксбардорони ҷавон «Нигоҳи ҷавнон», ки дар Хонаи маданияти мазкур таи ду сол амал мекунад, баргузор намуданд. Дар намоиш 40 акс аз лаҳзаҳои таҷлили наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд манзури ҳаводорони санъати аксбардорӣ гардид. Аксбардорони ҷавон - Ҷӯрабой Ҷумаев, Абдурауф Қаҳҳоров, Исматҷон Иброҳимов маҳсули эҷоди худро дар шаклу услуб ва аз дидгоҳи хос пешкаш намуданд. Дар расми кушоди намоиш муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ширкат намуда, сипосмандии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли иштирокдорон ва саҳмгузорони ин чорабинии эҷодӣ изҳор намуд. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша барои тарбияи завқи зебопарастии ҷавонон ва наврасон дар самтҳи гуногун тадбирҳои судманд меандешад. Фаъолияти ин гуна маҳфилҳо, муассисаҳои таълимии фарҳангию ҳунарӣ иштироки онҳо дар чорабиниҳои сатҳи баланди вилоятию ҷумҳуриявӣ гувоҳи ин гуфтаҳо аст» - зикр намуд Умеда Муродова.

Маҳфили аксбардорони ҷавон «Нигоҳи ҷавонон» ду сол қабл дар Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд бо ибтикори ҷавонони эчодкор Исматҷон Иброҳимов ва Ҷӯрабой Ҷумаев ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» таъсис ёфта, мароибаи чаҳорум аст, ки маҳфили номбурда, намоиши аксҳоро ташкил менамояд.
Намоиши «Наврӯз дар шаҳри ман» то санаи 20 апрел идома хоҳад ёфт.