(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Тачлили 21-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилӣ.Аз таъсисёбии қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар қисми низомии 3501 ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти қисми низомии мазкур баргузор гардид. Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирон ва кулли афсарону сарбозони қӯшунҳои муасллаҳи ин ниҳоди давлатиро бо ин санаи хотирмони таърихӣ табрик намуд.
«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ тартиботи ҷамъиятӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин ҳомиёни ватан аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими омодагии ҳарбӣ ва шароити хизматчиёни ҳарбӣ эътибори махсус ва ҳамарӯза медиҳанд.»,-қайд намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд. Тачлили 21-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохилӣ.Раҷаббой Аҳмадзода хамчунин ба 10 нафар аз ҳайати шахсии қӯшунҳои мусаллаҳи Вазорати корҳои дохиларо  бо Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити сарбозони қисми низомии 3501 дидан намуда, бо онҳо сӯхбати самимӣ анҷом дод.
Баъдан аз ҷониби гурӯҳи хизматчиён намоиши омодагии ҷангӣ ва ҳарбии пешниҳод гардид.