(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохурии судманд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд.Имрӯз бо мақсади ошно намудани хонандагони синфҳои болоии мактабҳои маркази вилоят бо сатҳу сифати таълим, дар Маркази фарҳанг вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ректори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон Маҳмаисуф Имомов ва чанде аз устодону масъулони ин муассисаи таълимии олии кишвар доир гардид. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд меҳмононро пазироӣ намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд таҳсилро дар ин макони бонуфузи маърифату илми кишвар идома хоҳанд дод. Лозим ба қайд аст, ки Донишгоҳи Милли Тоҷикистон яке аз марказҳои таълимию илмии собиқадор ва пурқуввати кишвар буда, дар 17 факултаи он 92 ихтисос таълим дода мешавад. Донишгоҳ барои тақвияту такмили донишу маҳорат ва истеъдоди донишҷуёни худ мактаби пурқуватро доро буда, шахсиятҳои арзандаи миллат ин мактаби арзишмандро гузаштаанд. Вохурии судманд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд.Маҳз чунин нуктаҳо дар баромади ректори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон Маҳмаисуф Имомов зикр гардиданд. Баъдан дар назди ҳозирон декани факултаи физикаи донишгоҳи мазкур Давлаталӣ Солеҳов баромад намуда, бобати усули таълим имконияту шароити он ба ҳозирон маълумот дод.
Дар навбати худ муҳассилини дар ҷамъомад ширкат дошта, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.