(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода бо Юрий Морару мулоқот намуд.Субҳи имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода намояндаи Палатаи савдои Швесария ва Кишварҳои Муштаракулманофеъ Юрий Мораруро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Раиси шаҳр доири рушди самтҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд маълумот дода, қайд намуд, ки имрӯз ташкилоту муасиссаҳои шаҳр чанд лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намуда истодаанд. Тачдиди хатти оби нушокӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораҳои коммуналӣ, аъзои саҳмиядорони Бонки «Имон интернешнл» гаштани Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо ба ин мисол шуда метавонанд. Дар баробари ин Раҷаббой Аҳмадзода ба Юрий Морару бобати чанд лоиҳаи инвестсионӣ аз қабили таъмини маркази вилоят бо нақлиёти ҷамъиятӣ, сохтани коргоҳи коркарди партов, бунёди маркази гармию барқдиҳӣ, ки айни замон аз тарафи чанд ташкилотҳои хориҷӣ ҳавасмандӣ зоҳир шудааст,иттилоъ дод. Раҷаббой Аҳмадзода бо Юрий Морару мулоқот намуд.Раҷаббой Аҳмадзода Ҳукумати Швесария ва соҳибкорони ин кишварро ба сифати шарикии ин лоиҳаҳои ҷолиб даъват намуд. Дар баробари ин қайд гардид, ки кишварҳои Швесария ва Тоҷикистон аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табии, минтақаи кӯҳӣ буданаш мақоми ҳамсон доранд. Бинобар он рушди сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истифодаи таҷҳизоти муосири саноатӣ, табодули таҷриба дар ин самт ва ҳамкории бештар, чун самтҳои афзалиятнок зикр гардиданд.