(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кории комиссияи даъвати баҳоронаро доир намуд.Вобаста ба иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 20 марти соли равон № 139 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои апрел-майи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд» Раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар он роҳбарони сохторҳои низомӣ, комиссариати ҳарбӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо аъзоёни комиссияи даъват ва дигар масъулон ширкат намуданд. Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба маълумоти ҳозирон расонд, ки тибқи қарори ба имзо расида, имсол хайати комиссияи даъват аз 10 нафар иборат буда, барои фаъолияти самарабахши он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои низомӣ дастур дод, ки барои сари вақт таъмин намудани нақшаи даъвати баҳорона ба кори комиссияи даъват ҳамачониба мусоидат намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кории комиссияи даъвати баҳоронаро доир намуд.Ҳамчунин супориш дода шуд, ки рафти даъват ва фаъолияти комиссияи даъвати ҳарбӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ инъикос карда шавад.
Раиси комиссияи даъвати бахорона муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов таъин гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки муҳлати ниҳоии даъвати баҳорона ба хизмати ҳарбӣ охири моҳи май муқаррар гардидааст.