(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хонаи маданияти № 1-и шаҳри Хуҷанд таъмири куллӣ мешавад.Дар Хонаи маданияти № 1 шаҳри Хуҷанд Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру тармимро оғоз намуданд.
Муассисаи фарҳангии мазкур аввалин маротиба дар 20 соли охир аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз Хонаи маданияти № 1 ба роҳбарияти хонаи маданият ва таъмиргарон супориш дод, ки бинои мазкурро сари вакт ва бо сифати баланд аз таъмири хушсифат бароварда дар саҳни ҳавлии он ва дар даромадгоҳ гулҳои ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамшасабз шинонанд. Айни замон тамоми тирезаҳои фарсудаи  ин бино бо тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуда, баъди таъмир он намуди наву зеборо мегирад.
Дар баробари ин дар назди Хонаи маданият хобгоҳи ҳунармандони Ансамбли давлатии рақсии Зебо Аминзода то интиҳои соли равон сохта ба истифода дода мешавад. Дар маҷмӯъ барои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру орошоӣ наздик 1 миллион сомонӣ маблағ сарф карда мешавад.