(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо оғоз шуданд.

Дар доираи эълон гардидани «Соли 2014 - соли роҳҳои обод» аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли равон эълон гардидани «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ», чараёни созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят вусъати тоза мегирад. Аз рӯзҳои офтобии фасли бахори нозанин истифода бурда, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохибкорони махаллӣ, барои боз хам бехтар намудани ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд саҳмгузор мегарданд. Мумфарш намудани кӯчаи ба номи Бахтиёр Ёкубов ва Баракат Бобоева дар соли ҷорӣ нахустин икдом аст. Дар оғози мумфаршкунии роҳи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо низ чунин корҳо ба анҷом расонида мешавад. Кӯчаи мазкур тули кариб 20 соли боз рӯи таъмирро надида буд. Масоҳати мумфаршмешудаи кӯчаи Бахтиёр Ёкубов 2 ҳазор метри квадратӣ ва кӯчаи Баракат Бобоева бошад, зиёда аз 850 метри квадратиро ташкил медихад. Айни замон ҷараёни корҳо дар ин мавзеъ идома дошта, дар муҳлатхои наздиктарин ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамчунин дар паҳлуи ин роҳ маркази савдои замонавӣ қомат афрохта истодааст, ки ба ҳусни шаҳр намуди дигареро зам хоҳад намуд. Маркази савдои мазкур аз ошхона, маркази савдо ва хонаҳои истикоматӣ иборат аст. Бо бунёд гардидани ин бино 35 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардида, 20 оила бо хонаҳои истиқоматӣ соҳиб хоҳанд шуд. Дар баробари ин таъмири куллии Хонаи маданияти № 1 шаҳри Хучанд бо суръат идома дорад. Таъмири ин бино бо маблағгузории як миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба накша гирифта шудааст. Айни замон барои анчом додани таъмири куллии ин бино 15 нафар бо кор машғул мебошад. Тибқи нақша бино пурра таъмир гардида, саҳни он бо гулу дарахтони зебо оро дода мешаванд. Дар шафати бинои мазкур хобгоҳи замонавӣ барои хунармандони мактаби рақсии ба номи «Зебо Аминзода» бунёд меёбад.
Қомат афрохтани парчами миллӣ бо баландии 53 метр дар маркази вилоят ҳусну шаҳомати дигареро ба шаҳри Хуҷанд зам хоҳад намуд. Айни замон сафолакпуш намудан ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ дар атрофи парчами миллӣ идома дорад. Дар ин мавзеъ дар масоҳати 2000-метри квадратӣ сафолакҳо пушонида шуда, наздик 150 бех навъи дарахту ниҳолҳои «Палма», «Туя» ва «Ёси ҳиндӣ» шинонида мешавад. Бояд кайд намуд, гулу гулбуттаҳои орошӣ ва ниҳолу дарахтони ҳамешабаз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сугд, ҷихати зебо гардонидани табиати ин мавзеъ харидорӣ гардидааст. Рангу бори биноҳои истиқоматӣ, аз нав намудани хатти ишораи харакати воситахои наклиёт дар шоҳроҳҳои шаҳр ва насбу таъмири фурузонакҳои равшанидиҳанда дар паҳлуи роҳҳо аз икдомҳои дигари ободониву созандагист. Бо анҷом додани ҳамаи ин корҳо шаҳри Хуҷанд боз ҳам зебову назаррабо гардида, тарҳу симои ин шаҳри бостониро  пуршукуҳтар хоҳад кард.