(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иди наврӯз дар маҳаллаи «Бофанда» бо иштироки Раиси шаҳри ХуҷандҲамрӯза дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ бо пухтани таоми баҳорӣ - сумалак баргузор гашта истодаанд.  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи «Бофанда», ки бо иқдоми сокинони ин маҳалла тантанаи наврӯзӣ баргузор гардид, бо ҳамроҳии ҳунармандони минтақаи ҷануби кишварамон, ки дар таҷлили ҷашни наврӯз дар шаҳри Хуҷанд иштирок доранд, ширкат намуд.Баъди пазироии гарму самимӣ Раиси шаҳри Хуҷанд сокинони ин маҳалларо бо фарорасии ҷашни наврӯз табрик намуда, ёдрас намуд, ки имрӯз сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои ниёгонамонро посдорӣ ва эҳё менамоянд. Баргаштан ба анъанаю суннатҳои миллатамон маҳз бо талошу заҳматҳои пайвастаи сарвари давлат аст.
Дар иди наврӯзии маҳалла аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ ва адабӣ пешкаш карда шуд.