(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар иди наврӯзии Хонаи пиронсолонДар Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд бо кӯмаку дастгири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии наврӯзӣ баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд.

Сараввал Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳоли саломатӣ ва шароити бошандагони ин хона пурсон шуда, ҳамаи онҳоро бо фарорасии иди наврӯз табрик намуд.

«Имрӯз тибқи дастури Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бори дгар барои хабаргирии Шумо омада аз номи онҳо ва аз номи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи Шуморо бо иди аҷдодиамон - наврӯзи хуҷастапай табрик менамоям. Шумо ҳамеша дар мадди назари сарвари давлату роҳбарияти вилояту шаҳри Хуҷанд қарор доред»,- гуфт дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар иди наврӯзии Хонаи пиронсолонБаъди супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба шахсони бесарпаноҳ монда, Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти муассиса супориш  дод,ки барои муоинаи тиббии пиронсолон табибони ихтисосиро бештар ҷалб намуда, саломатии онҳоро зери назорати қатъӣ  гиранд.

Барои болидахотирии кормандону сокинони ин муассисаи иҷтимоӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангии наврӯзӣ пешкаш карда шуда, дастурхони идона ороста шуд.