(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни наврӯзии кормандони китобхонаи ба номиТошхӯҷа АсирӣДар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ маҳфили наврӯзӣ баргузор гардид.

Бори нахуст дар баробари таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва омода намудани анвою хони наврӯзӣ байни кормандони он озмуни «Байтбараки наврӯзӣ» «Кокулбофӣ» ва «Намоиши либос» баргузор гардид.

Аз рӯи шартҳои пешниҳодшудаи озмуни «Байтбараки наврӯзӣ»Машҳура Умарова, саркитобдори толори хониш, «Намоиши либос» Муҳайё Қурбонова, китобдори дараҷаи яки шуъбаи пуркунӣ ва дар озмуни «Кокулбофӣ» Зарина Ҳомидова,саркитобдори шуъбаи феҳраст ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд. Ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои идонаи хотиравиро Директори  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Мунаввара Дамонова супорида, бароииштироку саҳми арзандаашон дар таҷлили ин иди пурфайзи миллӣ сипосмандӣ намуд.