(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Туҳфаи Раиси вилояти Суғд ба собиқадоронСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубов 15 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва иштирокчиёни муҳорибаи байналмиллалиро аз номи Раиси вилояти Суғд бо иди Наврӯз табрик намуда, ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои пулӣ супориданд. Раҷаббой Аҳмадзода барои иштирокдорон баҳри меҳнати содиқона ва пурмаҳсулашон арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо дар таҳкими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамеша фаъол хоҳанд буд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубов дар бораи тадбирҳои андешидаистодаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар самти таҷдиди соҳаи кишоварзӣ, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ ва устувории арзишҳои миллии кишварамон маълумот дода, таъкид намуд, ки роҳбарияти зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, ҳамеша ба маслиҳату дастгирии пирони зиндагӣ ниёз доранд.

Собиқадорон Абдуқодир Зоҳидов, Светлана Киреенко барои ин ғамхорӣ пеш аз ҳама ба сарвари давлат, Раиси вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сипосмандӣ намуданд.

Туҳфаи идонаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ боз ба 4 нафари дигар, ки бинобар вазъи саломатӣ дар вохурӣ иштирок карда натавонистанд, супорида хоҳад шуд.