(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шоҳмотбозон байни маҳаллаҳои шаҳри ХуҷандИмрӯз дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят давраи ниҳоии мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур аз ду давра иборат буда, давраи аввал дар маҳаллаҳо барпо гардид,ки дар он 130 нафар ширкат намуданд. Ба давраи дуюм ки давраи ниҳоӣ аст, 30 нафар имконияти идома додани мусобиқаро пайдо намуданд.  Онҳо дар ду гурӯх,-то синни 50 сола ва аз 50 сола боло қуваозмоии фикрӣ  намуданд. Аз рӯи  натиҷаҳои даставӣ ҷои якум ба махаллаи «Навбахор» чои дуюм насиби махаллаи «Мевағул» ҷои сеюмро махаллаи «Бофанда» соҳиб гашт. Мусобиқаи шоҳмотбозон байни маҳаллаҳои шаҳри ХуҷандДар мусобиқаи шахсӣ  бошад, байни иштирокдорони аз 60 сола боло, ҷои якумро Юлдошев Мухаммадсобир чои дуюмро Каримов Рахимчон ва чои сеюм Хакимов Мирзоумар ишғол намуданд. Ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур байни иштирокдорони аз 60 сола поен дар ҷои якум Алиматов Шавкатчон чои дуюм Дадобоев Абдуназар ва дар ҷойи сеюм Рофиев Анвар  ғолиб  дониста шуданд.

Ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Лозим ба ёдоварист,ки мусобиқаи мазкур ҳамасола дар арафаи Наврӯз баргузор мегардад.