(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Толори варзишии мактаби № 27 ба истифода дода шудХонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии № 27 шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои наврӯзи ҷаҳонӣ соҳиби толори варзишӣ гаштанд.

Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии ба истифода додани ин толори варзишӣ ширкат намуд.

Дар саҳни мактаб хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳалла деги суманак ва таомҳои миллӣ гузошта, ин мавзеро ба наврӯзгоҳ табдил доданд. Раиси шаҳри Хуҷанд барои намоиши анъанаҳои мардумӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ ба ҳамаи иштирокдорон сипосмандӣ намуд.

Баъдан бо иштироки фаъолони маҳалла омӯзгорон ва ширкаткунандагони базми наврӯзӣ расми кушодашавии толори варзишии мактаби мазкур баргузор гардид.

Омӯзгорони мақтаб то ба ин рӯз имконияти баргузор намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро надоштанд. Дар интиҳои соли гузашта бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони он шурӯъ шуда буд. Толори варзишии мактаби № 27 ба истифода дода шудБарои сохтмони он аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо шуда, он сари вақт ва бо талаботҳои барои ин гуна иншоот пешбинӣ шуда, ба истифода дода шуд. Лозим ба ёдоварист,ки ҳарорати мусоиди толори мазкур дар фасли сармо тавассути маркази гармидиҳии худи мактаб нигоҳ дошта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсили ҷавонону наврасон нигаронида шудааст.

Толори варзишии мактаби № 27 ба истифода дода шудБинобар он мақомоти маҳалли бо ҳидояти сарвари давлат ҳамеша мекушанд, бо истифода аз имконият сатҳи таълиму тарбияро баланд бардоранд. Дар идомаи суханронии худ, Раиси шаҳр табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонда, ёдовар шуд,ки соли равон «Соли роҳхои обод» эълон шудааст. Аллакай дар ин самт маҳаллаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, вакилони мардумӣ ва соҳибкорони маҳалла чанд кӯчаҳои маҳалларо асфалтпӯш намуда, ният доранд ин амали неку хайрро дар соли равон низ идома диҳанд.

Чорабини мазкур бо шукуҳ ва хотирмон гузашт.