(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мактаб-парваришгоҳи ёрирасон туҳфаҳои наврӯзӣ гирифтМактаб парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд дар иди Наврӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарпарасти худ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои  наврӯзӣ гирифтанд.

Дар чорабинии идонаи мактаби мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сардори Раёсати иқтисод ва молияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбурҳон Ҷамолов ва намояндаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳмон Раҳмонов  ширкат намуда, кулли толибилмон,тарбиятгирандагону муаллимонро бо фарорасии Наврӯз табрик намуданд.

Бо қувваи муҳассилин барномаи фарҳангии наврӯзи пешкаш гардид,ки ҳозирон бо хушнудӣ пазируфтанд.

Мактаб-парваришгоҳи ёрирасон туҳфаҳои наврӯзӣ гирифтКумитаи меъморӣ ва сохтмон барои 18 мизу курсӣ барои хонандагон, 20 мизи корӣ барои омӯзгорон ва куртаи мактабӣ тӯҳфа намуданд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои 210 нафар хонандагон сарулибоси мактабӣ ва пойафзоли баҳорона тақдим карда шуд. Дар ниҳояти чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идонаи наврӯзӣ ороста шуд.

Ҳоло дар мактаби мазкур 210 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд таълиму тарбия мегиранд.