(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хатнатӯйӣ ва се синфхонаи нави Коллеҷи тиббӣ дар иди НаврӯзДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар арафаи Наврӯзи ҷаҳонӣ се синфхонаи нави замонавӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, хатнатӯии панҷ нафар кудакони оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз синфхонаҳои нав дидан намуда, аз имконияту шароити онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Синфхонаҳои мазкур ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ сохта шуда, устодон минбаъд дар ин синфхонаҳои хушсохт бо компютер ва дигар  воситаҳои навӣ технологӣ аз қабили тахтаи электронӣ ва проэктор таълим хоҳанд  дод.

Дар саҳни ҳавлӣ, ба кумаки муаллимони худ, донишҷуён дар гӯшаҳои наврӯзӣ бо оростани хони идона аз анъанаҳои наврӯзӣ намунаҳо намоиш доданд.

Хатнатӯйӣ ва се синфхонаи нави Коллеҷи тиббӣ дар иди НаврӯзСипас Раиси шаҳри Хуҷанд ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯз табрик намуд.

«Имрӯзҳо шаҳомати Наврӯзро сиёсати ободкорнаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳи бештар бахшидааст. Бинобар он, шукри ин ҳама дастовардҳои бузург ва чунин сиёсат, заминаи тамоми пешравиҳои мо хоҳад буд. Мувофиқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, таҷлили Наврӯзро дар сатҳи баланд доир намояд. Барои ин саҳми ҳар кадом аз сокини маркази вилоят муҳим аст»- қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба панҷ нафар кудакони хатнашаванда, туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд,- телевизор, аробачаи кӯдакона ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд супорида шуд.