(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳуҷҷатҳо ба таври электронӣ нигоҳдорӣ хоҳанд шудБо мақсади риоя намудани мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ ва байниидоравӣ супоридани ин ҳуҷҷатҳо Бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳои мӯҳлаьти ниҳоии нигоҳдориашон ба итмом расидаи  солҳои 2002- 2009-ро ташхис намуд. То имрӯз зиёда аз панҷ ҳазор ҳуҷҷатҳо коркарда карда шуда, 192 парванда барои нигоҳдории доимӣ, 40 парванда ба бойгонии ҳайати шахсӣ ва 4859 ҳуҷҷат бошад барои нобудкунӣ фиристода шуд. Дар баробари ин дар ҳамкорӣ бо бойгонии вилоятӣ тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 апрели соли 2013 №34.2-75 (10) ҷиҳати омӯзиши вазъи кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои арзишноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шакли электронӣ гузаронида шуда истодааст. То ҳол 2865 ҳуҷҷат ба шакли электронӣ гузаронида шуда, барои нигоҳдории доимӣ супорида шудааст.