(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд 30 нафар журналистонро қадрдонӣ намудДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи идона бахшида ба Иди матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, кулли журналистон ва кормандони воситаи ахбори оммаро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуд.

«Имрӯз низ бо шукрона аз сиёсати хирадгарои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳити амну осоиштаи кишвар фаъолияти босамари каламкашони кишвар аз ҷумла Шумо рӯзноманигорони вилоят хеле назаррас мебошад. Қобили зикр аст, ки кормандони воситаҳои ахбори умум дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати мамлакат, саҳми арзанда мегузоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои шароити мусоиди журналистон ва фаъолияти пурмаҳсули онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд 30 нафар журналистонро қадрдонӣ намудХидматҳои Шумо дар пешрафти босуръати кишвари азизамон, густариши тафаккули миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳиамон назаррас аст. Аз ин лиҳоз, хидматҳои Шумо ҳамеша дар мадди назари ҳукумату давлат буда, ҳузури Шумо дар муҳити рӯзноманигории вилоят боиси ифтихору эҳтироми мо мебошад.

Имрӯз мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад. Дар чунин шароит фаъолияти рӯзноманигории Шумо ва арҷгузории ҳар як қаламкаш ба арзишҳои милливу маънавӣ беш аз пеш зарур мебошад. Маълум аст, ки дар ҷанги беамон ва тезу тунди иттилоотӣ пирӯзӣ насиби он мегардад, ки қалами тез ва дониши пурвусъати худро огоҳона бар манфиати миллии кишвар ба кор мебарад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки рӯзноманигорон ва қаламкашон зиндагии шоиста ва муҳити созгорро соҳиб бошанд қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар хатми ҷаласа ба 30 нафар журналистон, аз тамоми воситаи ахбори оммаи шаҳрию вилоятӣ бо туҳфаи таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қаддонӣ шуданд, ки онро Раҷаббой Аҳмадзод онҳоро дар лаҳзаи тантанавӣ супорид.

Сармуҳаррири газетаи “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, сармуҳаррири газетаи “Ҳақиқати Суғд” Карим Шариф, хабарнигори газетаи “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷӯҳи пайваста, ҳамкории судманди доимӣ изхори сипос намуда, омодагии доимии худро баҳри инъикоси ҳамешагии фаъолияти Мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, рӯзгору комёбиҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази вилоят баён доштанд.