(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи ҷавонон аз рӯи 10 намуди варзиш оғоз ёфтҶиҳати иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015» санаи 4 марти соли 2014 дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Бозиҳои варзишии шаҳри Хуҷанд (марҳилаи I) баргузор гардид, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои варзишӣ варзишгарон мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш иштирок намуда, Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда қайд намуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш байни ҷавонон ва калонсолон, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, аз рӯи 10 намуди варзиш яъне бокс, варзиши сабук, таэквандо, гуштини миллӣ, дзюдо, самбо, гуштини тарзи озод ва юнону румӣ, волейбол, баскетбол мусобиқа гузаронида мешавад.

Мусобиқаҳои мазкур то санаи 11 марти соли равон дар толорҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида гузаронида шуда, ҳайати дастаи мунтахаби шаҳр интихоб гардида дар Бозиҳои варзишии вилояти Суғд (марҳилаи 2) иштирок менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд 6 мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дошта, аз рӯи 26 намуди варзиш 5000 ҳазор нафар наврасону ҷавононро 125 нафар мураббиён машқу тамрин медиҳанд.