(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории семинар, такмили сохторҳои мақомоти ҳудудии худфаъолияти ҷамъиятӣ ва таҳкими ҳамкории онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати мебошад, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели 2013 амалӣ мегардад. Тибқи ин амр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа низоми корбарии кумитаҳои маҳаллаҳо таҷдид гардида, фаъолитяи кумитаҳои маҳаллаҳо дар сатҳу сифати нав ба роҳ монда мешавад.

Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо аз шаҳрҳои Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Кӯлоб ва чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, таи ду рӯзи баргузории семинар сатҳи амалишавии амри номбурдаро дар шаҳри Хуҷанд омӯхта, аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор хоҳанд буд.

Дар семинари мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, якчанд вазоратҳо ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов семинарро ифтитоҳ бахшида ҳадафи баргузории семинарро ба ҳозирон шарҳ дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ қайд намуд, ки Дар шаҳри Хуҷанд ҳоло ба ҷойи 18-маҳалла ва 8-қитъаҳои истифодабарии манзил, 22 маҳалла таъсис дода шуда, оинномаҳои онҳо тасдиқ карда шудааст. Ҳамзамон имрӯз маҳаллаҳо дорои суратҳисоби алоҳида буда ба раисони маҳаллаҳо чун хизматчиёни давлатӣ маош ҷудо карда шудааст.

Тоҷиддин Ҷӯразода ҳамоҳангсозӣ гурӯҳи ислоҳоти идоракунии давлатии назди дасгоҳи иҷроияи президенти Ҷумхурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат гуфт, ки дар асоси таҳлилҳо фаъолияти қитъаҳои истифодабарии манзил ғайриқаноатбахш этироф шуда, ба ҷои он кумитаи маҳаллаҳо таъсис дода хоҳад шуд.

Дар кори семинари мазкур коршиносони байналмиллал ва барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ширкат доранд.