(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр дар тантанаи иди Артиши Миллӣ дар қисми низомии 3501Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар тантанаи таҷлили 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Ҳайати афсарон ва сарбозони ин қисми низомӣ дар ифтихори ин тантана саф ороста Раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳонашро ботантана истиқбол намуданд.

Дар оғоз фармондеҳи қисми низомии мазкур полковник А Акабаров ҳамаи ҳозиронро бо иди фархунда табрик намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд кулли низомиёнро бо иди Артиши Миллӣ самимона табрик гуфта ба онҳо хизмати содиқона ва хизмати шоиста дар ҳифзи манфиатҳои миллату давлат орзу намуд.

Ба як қатор афсарону сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома суприда шуд.

Баъдан Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити  зист , таъминоти сарбозон бо маводи хӯрока дидан намуда, аз шароити иҷтимоии онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои афсарону сарбозон консерти идона пешкаш намуд.

Чунин чорабиниҳои тантанавӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд дар тамоми қисмҳои низомии дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда баргузор гашта, барои хизматчиёни он дастурхони идона ороста шуд.