(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамдиёрони азиз!

Афсарону сарбозони гиромӣ!

Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.

Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси ташаккули кишварамон мебошад, нақши бузург доранд.

Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар давоми бисту як сол басо нерӯманд гашта, дар амри барқарор сохтани сулҳу субот дар саросари Ватан, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошҳо намудааст.

Бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр барои ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди хидмат равона карда истодаанд.

Имрӯзҳо Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро комилан таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад ва Артиши миллиро чун такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат меҳисобад.

Дар охир бори дигар Шумо - афсарону сарбозони Ватанро бо 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро баҳри оромиву сулҳу субот дар кишвар таманно менамоям.

Ид муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

                   Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                      Раҷаббой Аҳмадзода