(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд интихоб гардидҶаласаи навбатии Шӯрои Президиуми собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд ин навбат бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Баъди қисмати муқаддимавӣ Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳсин Раҳимов ба самъи ҳозирон расонд, ки Алиҷон Солиев бо аризаи худ муроҷиат намуда, бинобар вазъи саломатиаш хоҳиши аз вазифа озод шуданашро кардааст.

Аъзоёни Президиум аз сифатҳои хуби инсонӣ, роҳбарӣ ва таҷрибаи беназири ин марди нексиришт сухан намуда, барои аз вазифаи Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд озод намудани Алиҷон Солиев розигӣ доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоиста ва пурмаҳсули Алиҷон Солиевро зикр намуда, фаъолияти меҳнатии ин гуна шахсонро мактаби зиндагӣ ва кордонию ватанпарварӣ номид. Ӯ ҳамеша дар ҳаёти шаҳрдорӣ фаъол буда, бо амалҳои некаш намунаи ибрати ҷавонон аст. Дар суханронии худ Раиси шаҳр изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ Алиҷон Солиев дар сафи фаъолони собиқадорони шаҳру вилоят фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Раиси шаҳр пешниҳод намуд, ки моҳе як маротиба маҳфили собиқадорон дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят баргузор карда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода омодагии худро барои ширкат дар ин маҳфил изҳор намуд.

Собиқадори меҳнат Алиҷон Солиев барои қадршиносӣ эътибор ва эҳтироми хоса ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии худ ва кулли собиқадорони ҷангу меҳнатро изҳор намуд, ки онҳо ғамхории ҳамешагӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаро эҳсос менамоянд.

Барои меҳнати содиқона ва пурмаҳсул Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба Алиҷон Солиев тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Бо овоздиҳии якдилона ба вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Ҳошим Осимов интихоб гардид.