(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Истеҳсолкунандаи ватанӣ ба дастгирӣ бештар ниёз дорадҲангоми ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳи «Нассоҷии Хуҷанд» моҳи июни соли 2013 бобати дастгирии ҳамҷонибаи маҳсулоти ватании саноати сабук ва омода намудани маҳсулоти бо сифат аз матои ин гуна корхонаҳо таъкид гардида буд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар толори намоишгоҳи коргоҳи «Нассоҷии Хуҷанд» Ширкати телевизион ва радиои «Азия» бо иштироки роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, коргоҳҳои дузандагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ дизайнерон, кормандони «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд барномаи телевизиониро сабт намуд. Дар он муаммо ва роҳҳои дастгирии маҳсулоти ватании саноати сабук мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар муҳокимаронӣ вобаста ба пешрафти соҳаи саноати сабук, харидоргир ва рақобатнок намудани ин гуна маҳсулотҳо, истифодаи тарҳҳои зебою шинам ва замонави дӯхтани онҳо байни истеҳсолкунандагон, харидорон, дизайнерон ва мутахассисон мубоҳисаи судманд баргузор гардид.

Роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли ва дузандагӣ қайд намуданд, ки ҳоло барои таъмин намудани тамоми муассисаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Хуҷанд ва вилоят бо либоси ягонаи мактабию тиббӣ онҳо тамоми имкониятҳоро доранд.

Ба ҳозирон чанд намуди либосҳои мактабӣ ва тиббӣ, ки бо кӯмаки Маркази дизайнерии «Модерн» омода шуда буд, пешниҳод гардид.

Барномаи мазкур дар рӯзҳои наздик тариқи ТВ « Азия» намоиш дода хоҳад шуд.