(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар соли гузашта ҷамбаст намуданд.Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд маҷлиси васеи худро ба ҷамбасти фаъолитяи соҳа дар соли 2013 бахшид. Чунон, ки мудири бахш Бахтиёр Исматҷонов дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки дар давоми соли 2013 бобати иҷроиши барномаҳои мазкур дар шаҳри Хуҷанд беш аз 132 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию, варзишӣ аз қабили семинар-машваратҳо, вохӯриҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои мубоҳисавӣ-сиёсӣ, корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, семинар-тренингҳо ва монанди инҳо баргузор гардиданд.

Дар шаҳри Хуҷанд  12 майдончаҳои варзишӣ байни хонаҳои баландошёна барои ҷавонону наврасон сохта ба истифода дода, ҳамзамон якчанд майдончаҳои мавҷудбудаи назди биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла майдонҳои варзишии футбол, баскетбол, волейбол ва конструксияи варзишии назди биноҳо аз нав барқарор ва ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин барои варзишгарон тӯҳфаи арзанда “Қасри варзиш” бо 3000 ҷойи нишаст бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн мӯьтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Дар маркази вилоят 199 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият бо 25000 ҷойи нишаст ва 6 варзишгоҳ то 5000 ҷойи нишаст, 109  майдончаҳои варзишӣ, 14 иншоотҳои махсуси варзишӣ, тир, боулинг, 8  марказҳои фитнес, 65 толорҳои варзишӣ, 3 ҳавзҳои шиноварӣ ки, аз ин як ҳавзи пӯшида ва маркази варзишӣ ва солимгардонӣ амал мекунанд.

Баьри рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои Раиси шаҳр ва аз тарафи сарпарастон 161677 сомонӣ маблаӣ ҷудо гардид.

Аз ҷумла аз буҷети маҳаллӣ бо қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд барои сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳо, ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, қадршиносӣ намудани варзишгарон 47342 сомонӣ, ҷиҳати рушди футбол ва татбиқи “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” 64260 сомонӣ ва аз тарафи сарпарастон 50075 сомонӣ сомонӣ маблағ ҷалб гардид.

 Аз руи маърӯза сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдураҳмонов, сарвари Мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасони оид ба намуди бокс Баҳром Усмонов ,мудири бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи иктисод ва савлои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдувалӣ Акбарзода, роҳбари ташкилоти ибтидоии кор бо ҷавонони маҳаллаи ба номи «Ҷаббор Расулов» Умарҷон Қосимов, роҳбари филиали ҶДММ «Суғдиён-Помир-Тур» Зоҳир Болтуев ба сухан баромада доири натиҷаҳои соли сипаришуда изҳори назар намуданд.

Муовини авали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов дар баромади худ, таъкид намуд,ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои амалӣ гаштани барномаҳои ҷавонон эътибори ҳамарӯза зоҳир менамоянд. Саҳми ҷавонон дар пешрафти тамоми соҳаҳо бояд назаррас ва арзанда бошад афзуд Иброҳим Иброҳимов.

Барои ҳашт нафар хонандагони фаъоли мактабҳои шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаи стипендияи президентӣ ва ба  журналистон Геннадий Набиев Абдурашид Раҳимов ва Ленура Мустафаева  барои инъикоси ҳаёти ҷавнони шаҳр дар васоити ахбори омма сипоснома супорида шуд.