(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маҷлиси машваратии занони фаъол дар маҳаллаи «Навбаҳор»Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо фаъолонзанон собиқадорон ва шахсони баруманди маҳаллаҳо сисилавохуриҳо баргузор менамоянд.

Чунин вохурӣ дар Хонаи маданияти № 2 бо сокинони маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мудири Бахши кор бо занон Муҳайё Дадобоева ва мудири бахши кор бо маҳаллаҳо Сайфуллохон Ҳабибуллоев бо фаъолзанони маҳаллаи мазкур доири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сабабҳои пайдоиши омилҳои номатлуби худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ нашъамандӣ табиқи қонунҳои танзими расму ойин ва масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Сокинон зикр намуданд, ки барои ҳаллу пешгирии муаммоҳои ҷойдошта, нақши шахсони баруманди маҳалла,фаъолон хеле муҳим аст. Тарбияи насли наврас сари вақт пайгирӣ намудани муаммои  пайдо гардида,    асоси фаъолияти масъулони маҳалла ва фаъолон аст.

Чунин вохуриҳо дар дигар маҳаллаҳои маркази вилоят ба нақша гирифта шудааст.