(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муҳлати муҳокимаи лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» то санаи 10 феврал тамдид ёфт. Давоми се моҳ мешавад, ки муофиқи карори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов озмуни муқаррар намудани нишон ва рӯзи шаҳри Хуҷанд идома дорад. Бо мақсади баррасии пешниҳодҳои ба озмун воридшуда ҷаласаи кории ҳайати комиссияи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» баргузор гардид.

То санаи 20 январи соли равон барои муҳокимаи аъзоёни комиссия зиёда аз 100 лоиҳаҳо, аз ҷониби 65 нафар муаллифони нишон пешниҳод гардид. Ҳайати комиссия баъди муҳокимаи лоиҳаҳо ба хулоса омад, ки 30 лоиҳаи нишони шаҳри Хуҷанд барои муҳокимаи давраи минбаъда пешниҳод карда шавад.

Мудири бахши фарҳанги дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов бо муаллифони лоиҳаи мазкур машварати корӣ доир намуда, пешниҳоди аъзоёни комиссияи озмунро ба самъи онҳо расонд. Ҳайати комиссия бо муаллифони лоиҳа ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои интихоб шуда бо назардошти тавсияҳо мукаммал карда шуда, санаи 10 феврал такроран мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки аъзоёни комиссияи озмун аз 20 нафар иборат буда мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 ноябри соли 2013 №690 тасдиқ карда шуданд.

Хулосаи комиссия бо аксарияти овозҳо қабул гардида он то арафаи таҷлили Наврӯзи соли равон бояд қабул гардад.