(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таъинот

Роҳбари нави КВДК «Муассисаи нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд»

Дар КВДК «Муассисаи нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» маросими муаррифии роҳбари нави корхона баргузор шуд.

Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшида, хотиррасон кард, ки бинобар ба вазифаи директории генералии КВД «Хуҷандобуканал»-и шаҳр таъин шудани сардори корхона Муқим Бобоев мавсуф бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз вазифааш озод карда шудааст.

Иброҳим  Иброҳимов зимни суханрониаш аз хизматҳои  Муқим Бобоев ёдрас шуда гуфт, ки ӯ тӯли фаъолияти худ як андоза вазъи тозагии шаҳрро ба эътидол дарорад.

Баъдан ӯ қарори Раиси шаҳрро дар бораи таъин намудани Иброҳимҷон Қаландаров ба вазифаи сардори КВДК «Муассисаи нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» қироат карда, гуфт, ки мавсуф то ин дам роҳбарии чанд корхонаву муассисаҳоро ба зимма дошт.

Роҳбарияти шаҳр изҳори умедворӣ мекунад, ки коргоҳи Шумо таҳти сарвари роҳбари нав нишондиҳандаҳои истеҳсолиашро аз будаш боз ҳам беҳтар месозад,-гуфт Иброҳим Иброҳимов.