(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «Ваҳдат» вохурд.

Вохурии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар мактаби «Иршод» бо фаъолону сокинони маҳаллаи «Ваҳдат» баргузор гардид.

Раиси шаҳр аз натиҷаҳои назарраси соли 2013 барои ҳозирон иттилоъ дода, ёдрас намуд, ки мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои охир ба зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, эҳёи корхонаҳои саноатӣ эътибори ҷидди дода шуда истодааст. Бо мақсади вусъати тоза бахшидан ба корҳои ободонӣ соли 2014 аз ҷониби иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли рохҳои обод» эълон шудааст.

Дар баробари ин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххасро бобати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ҳамаруза андешида мешавад. Соли равон марҳилаи сеюми бо оби нушокии хушсифат таъмин намудани бошандагони маркази вилоят, аз мавзеи «Деҳмой»таъмин намудани сокинони маҳаллаи сеюм бо оби ошомиданӣ, идомаи сохтмони шаҳраки ба номи «Темурмалик», марҳила ба марҳила иваз намудани дарахтони хушкидаи шаҳр ба ниҳолҳои нави ҳамешасабз аз ҷумлаи нақшаҳои соли 2014 мебошанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин илова намуд, ки соли гузашта наздик ба шаш ҳазор оилаи ниёзманд кумакҳои моддӣ расонда шуда, 15 ҳазор нафақахурони маркази вилоят бе таъхир нафақаи худро сари вақт дастрас менамоянд. Наврузи ҷаҳонӣ бошад дар Хуҷанд имсол низ бо сабку усули суннатӣ ва шаҳомати хоса таҷлил гардида, тамоми маҳаллаи шаҳр аллакай корҳои омодагиро барои баргузории чорабиниҳои наврузӣ шуруъ намуданд. Барои то оғози чорабиниҳои наврузӣ ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаи мазкур ба мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, доири пешбинӣ намудани маблағҳои бебозгашт барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар хона ва ҳавасманд намудани занони бекор, ҳунарманд дар ин самт ба мудири бахши кор бо занҳо Муҳайё Дадобоева дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар маҳаллаи мазкур 21 нафар соҳибкрорни истиқомат менамоянд, ки Раиси шаҳр онҳоро барои саҳм гирифтан ба корҳои ободонии роҳхои маҳалла даъват намуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ниятқул Ҳаётов иброз намуд, ки барои таҳкими корҳои созандагию ободонӣ иштироку саҳми ҳар нафар ва дар маҷмуъ сокинони Хуҷанд муҳим аст. «Танҳо дар ин сурат мо метавонем дастовардҳои боз ҳам бештару хубтарро ноил шавем, зеро кушиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллӣ дар ин самт ба иродаю масъулияти мардум такя мекунад» -илова намуд дар суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Сокинони маҳаллаи «Ваҳдат» доири доири таъмири боми хонаҳои истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаи замин, мусоидат барои муолиҷа ва барқарор намудани саломатӣ, таъмин бо хобгоҳ, беҳтар намудани вазъи хобгоҳҳои дар маҳллаи мазкур буда, сари вақт гирифтани партов, ва дигар масалаҳои халталаб муроҷиат намуданд. Дар вохурии мазкур 14 сокинон бо 17 дархост ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат намуданд.

text-align: justify;