(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохӯрии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаи «Бофанда» ва «Шарқ» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни вохӯрӣ бобати корҳои ободонӣ дар шаҳр, дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли 2013 маълумот дод. Соли гузашта, доири бартараф намудани муаммои партов дар шаҳр, наздик 40 км мумфарш намудани роҳҳо, ташкили 20 корхонаҳои хурду миёна, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, корҳои зиёди созандагию ободонӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон аз ҷумлаи натиҷаҳои назаррас ба ҳисоб мераванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз нақшаҳои соли 2014 аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони маҳаллаи «Бофанда» ва «Шарқ» иттилоъ дод. Ҳамзамон таъкид намуд, ки бо қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли 2014-соли роҳҳои обод» эълон шудааст. Бинобар он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нақшаи азнавчароғонкунии кӯчаҳои марказии шаҳр, маҳаллаҳои «Тиллокон» ва «Темурмалик» идомаи мумфаршкунии кӯчаҳои маҳаллаҳо, бо гулу гулбуттаҳо оро додани кӯчаю хиёбонҳо, бунёди 20 майдончаҳои варзишӣ ва даҳҳо корҳои ободониро таҳия намуда, аз оғози сол амалишавии онҳо шурӯъ шудааст.
Доири баргузории тантанаҳои наврузӣ Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки таҷлили ин иди суннатии мо соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат мегирад. Дар шаҳри Хуҷанд 100 деги суманак гузошта, ҳамаи 22 маҳаллаҳои маркази вилоят аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо орду ҳезум, таъмин хоҳанд шуд
Фаъолону сокинони маҳаллаҳои «Бофанда» ва «Шарк» аз мушкилот ва муаммоҳои мавҷудаи маҳалли зисташон ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Бештари мушкилии бошандагони маҳаллаҳои мазкур вобаста ба тартиб даровардани истгоҳи нақлиётҳои шахсию ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои маҳалла, расондани кӯмаки моддӣ, хизматрасониҳои комуналӣ, фаъолияти нуқтаҳои хизматрсонӣ ва ғайра буд. Сокинон ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти чойхонаи маҳалла ва бунёди чойхонаи нав дархост намуданд. Раиси шаҳр ба сохторҳои марбута супориш дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бобати ба таври мусбӣ ҳал намудани ин хоҳиши сокинон чораҳо андешанд.
Вобаста доири бартараф кардани ҳамаи мушкилиҳои ҷойдоштаи маҳаллаҳои «Бофанда» ва «Шарқ» масъулин супориш гирифтанд ва барои иҷроиши онҳо мӯҳлат гузошта шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сокинони маҳаллаҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ дар маҳаллаҳо даъват намуд.