(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти Раҷаббой Каримов бо Аке Петерсон.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қароргоҳи худ дар шаҳри Стоголм, Аке Петерсонро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омадааст, қабул намуд.

Дар оғози вохурӣ Раиси шаҳри Хуҷанд доири натиҷаҳои соли гузашта ба Аке Петерсон маълумоти мухтасар дод.

Сафири Шоҳигарии Шветсия аз ҳамкориҳои кишвараш дар доираи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, эътимоди кишварашро дар ҳамин замина, доири ҳамкории минбаъда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Мулоқоти Раҷаббой Каримов бо Аке Петерсон.Раҷаббой Каримов омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷандро дар мавриди густариши ҳамкориҳои судманди инвестсионӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди партовҳои маишӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ, таъмини оби нушокӣ ва тадбиқи дигар лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ баён намуда, зикр кард, ки ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят таҷрибаи бойи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ доранд. Мувофиқа гардид, ки ҷонибҳо бобати таҳияи дурнамои ҳамкориҳои соҳибкорони Хуҷанд ва Шоҳигарии Шветсия чораҳо меандешанд.

Дар ниҳояти мулоқоти расмӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Аке Петерсон туҳфаи хотиравӣ супорид.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Шветсия 9 декабри соли 1992 оғоз гардида, сафири ин кишвар дар як вақт намояндагии Шоҳигарии Шветсияро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зимма дорад.