(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд бо шароити зимистонгузаронии кудакистонҳо шинос шуд.Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоии вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои томактабии маркази вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз шароити таълиму тарбияи кудакистонҳои № 37 ва №40 дидан намуд.

Дар кудакистони № 37 294 нафар ва дар кудакистони № 40 247 нафар кӯдакони аз 2 сола то синни мактабӣ тарбия мегиранд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз шароити ҳуҷраҳои ин муассисаҳо, маводи таълимии кудакон аз мудирони боғча ва мураббиён пурсиш намуд. Нисбати ҳарорати гармии ҳуҷраҳои шуғлу хоб, ғизонокии хӯроки кудакон Раҷаббой Каримов эътибори махсус дод.

«Бо мақсади баланд бардоштани ғизонокии хӯроки кудакон барои соли 2014 аз буҷаи шаҳр як миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбати соли гузашта чаҳор маротиба зиёд аст.

Ба сифати хӯрок, витаминнокии онҳо ҳамарӯза новобаста аз фасли сол дар дастурхони кудакон будани меваю сабзавот эътибори ҷиддӣ диҳед. Зеро заминаи устувори насли солим аз ҷихати ҷисмонӣ ва равонӣ аз кудакистон оғоз мешавад»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов.

Раиси шаҳри Хуҷанд шахсан аз ошхонаҳои кудакистонҳои номбурда дидан намуда, нисбати маҳсулоти хурока, захираҳои он, таомномаи ҳамаруза мароқ зоҳир намуд.

Соли 2014 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли роҳҳои обод ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Соли ободкорӣ ва гулкорӣ» эълон шудааст. Раиси шаҳр дастур дод, ки масъулини боғчаҳои мазкур корҳои ободонӣ ва гулкориро дар мавзеҳои вобасташуда оғоз намоянд.

Лозим ба ёдоварист, соли 2014 азнавбарқароркунии фаъолияти кудакистон дар маҳаллаи сеюми шаҳр ва оғози фаъолияти чанд кудакистонҳои шахсӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз онҳо кудакистони шахсии «Роҳнамо» мебошад. Айни замон корҳои сохтмонии он дар марҳилаи анҷомёбист. Барои омода намудани бинои мавҷуда ба шароиту талаботи кудакистон 680 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуда, кудакон бо чаҳор маҳал хӯроки гарм ҳамарӯза таъмин хоҳанд шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд бо корҳои омодагии кудакистон шинос шуда, вобаста ба сифати ҳуҷраҳо, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, ҷорӣ намудани усулҳои муосири тарбия, дастуру супоришҳо дод.

Аз авали моҳи феврал қабули кудакон ба муассисаи хусусӣ оғоз хоҳад шуд.