(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дархости оилаи Норматовҳо қонеъ карда шуд.Чуноне, ки пешакӣ иттило дода будем, рузи қабули шаҳрвандон дар маҳаллаи «Чашмаи арзана» аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз ҷумла як нафар сокини маҳаллаи мазкур, кӯчаи «Чашмаи умед» ҳавлии № 15 Ашӯрҷон Норматова доири дастрас намудани аробачаи маюбӣ барои шавҳараш, Ғуломҷон Норматов, хоҳиш намуда буд. Бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, рузи дигари вохурӣ, мудири Шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шарифҷон Ахмедов ба ҳавлии оилаи Норматовҳо рафта, аз шароити зиндагӣ ва ҳоли Ғуломҷон Норматов хабар гирифт. Ба мавсуф аробачаи маюбӣ супорида, ҳамзамон ба ин оила кумаки моддӣ иборат аз маводи хӯрока супорида шуд.

Минбаъд низ оилаи мазкур чун шахсони ниёзманд зери таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор хоҳанд гирифт.