(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «Чашмаи арзана» вохурд.Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  вохурии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар мактаби таҳсилоти умумии № 25 бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи «Чашмаи арзана» баргузор гардид.

Дар сухани муқаддимавии худ Раҷаббой Каримов бобати натиҷаю дастовардҳои соли гузашта маълумоти мухтасар дода, илова намуд,ки мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти шароиту зиндагии мардум соли гузашта  дар шаҳри Хуҷанд 90 корхонаҳои саноатӣ фаъолияти самаранок доштанд. Барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ соли 2014 аз ҷониби иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли рохҳои обод» эълон гардидааст.

Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «Чашмаи арзана» вохурд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба маълумоти ҳозирон расонд,ки соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххасро дар самти ҷудо намудани роҳрави пиёдагардӣ дар кӯчаи марказии маҳалла, асфалтпуш намудани кӯчаҳои аҳолинишин, обод намудани мавзеҳои ҷамъият маҳаллаи «Чашмаи арзана»-ро андешидааст.

Сокинони маҳалла доири таъмири хатти оби нушокӣ ва таъмини он, бунёди кӯдакистон, ҳаммом, дӯкони доруфурӯшӣ чойхона-қироъатхона, зиёд намудани миқдори хатсайри мусофиркашонӣ ба маҳалла, расондани кумак барои бунёди хонаи истиқоматӣ ба Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла сокини кӯчаи «Чашмаи умед» 15 Ашурҷон Норматова ба Раиси шаҳр муроҷиат намуд, то дар мавриди дастрас намудани аробачаи маюбӣ барои шавҳараш Ғуломҷон Номатов, ки аз як пояш маҳрум гаштааст,кумак намояд.

Раҷаббой Каримов ба мудири шубаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи Раиси шаҳр Шарифҷон Ахмедов супориш дод, то дар муҳлати як руз номбурда бо аробачаи маюбӣ таъмин гардад.

Ҳамчунин рохбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд вобаста ба ҳалли дигар масалаҳои аз ҷониби сокинон пешниҳодшуда, вазифадор шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба идораи сохтмони асосӣ, шуъбаи маориф, супориш дод, қубурҳои гармидиҳии мактаби миёнаи № 25 ро дар муҳлати кутоҳтарин ба кор дароранд. Зеро барои бо гармӣ таъмин намудани мактаби мазкур танхо пайваст намудани деги гармидиҳӣ лозим асту халос. Ҳамзамон барои аз таъмири хушсифат баровардани толори варзишии мактаб супориш дода шуд.

Дар вохурии мазкур зиёда аз даҳ нафар сокинон бо 16 дархост ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат намуданд.