(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.Имруз бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони вохидхои сохтори мақомоти шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои таъминоти барқ, истифодаи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт, хадамоти сухторхомушкунӣ, нозироти андоз, муассисаҳои сохтмонӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов ҷаласаи корӣ доир намуд. Дар оғоз, ахбори муовини Раиси шаҳр Дадоҷон Абдуллоев аз сатҳи иҷроиши санадҳои ҳуқуқии кишвар, бобати риояи талаботҳои меъморию сохтмонӣ, кодекси меҳнат, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, ва истифодаи дурусти қувваи барқ пешниҳод гардид. Дар ҳамин замина, Раҷаббой Каримов аз ҷониби сохторҳои марбутаи назоратӣ даъват намуд, ки нисбати сифати масолеҳи истифодашаванда тарҳу намуди зоҳирии иншоотҳо риояи қоидаҳои бехатарии сохтмон эътибори ҷиддӣ ва қатъӣ баранд.

Раиси шаҳр ҳамчунин  ба роҳбарияти идораҳои хоҷагию коммуналӣ, кабудизоркунӣ, муҳити  зист, идораи чароғонкунӣ, супориш дод,ки  бо истифода аз имконияти ҳавои мусоид, барои ба тартиб даровардани дарахтони кучаю хиёбонҳои шаҳр,  шинондани гулу гулбуттаҳои нави оришӣ, таъмири сутунпояҳои хатти троллейбус, чароғонкунии кӯчаҳо  бо чароғакҳои замонавии каммасрафи ороишӣ, чораҳои амалӣ андешанд. Барои назорати истифодаи мақсадноки неруи барқ ва андешидани чораҳо нисбати истифодабарандагони лампаҳои тасфон, идораҳои барқтаъминкунӣ, фурӯши барқ ва чароғонкунии маркази вилоят вазифадор гардиданд.

Бахши фарҳанг  низ дастур гирифт, ки дар муҳлати наздиктарин  нақшаи баргузории чорабиниҳои наврузӣ, лоиҳаи нақша-чорабиниҳоро   омода ва пешниҳод намояд. Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид,ки  санаи  8 март,  бахшида ба Рузи модарон намоиш-озмуни гулҳо баргузор мегардад. Ба сохторҳои масъул  супориш  дода шуд,ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Ба Қисми сухторнишонии шаҳр  супориш дода шуд,ки барои дар фасли зимистон андешидани чораҳои зиддисӯхтор ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар байни аҳолӣ   корхонаҳо ва бозорҳои шаҳр  корро ҷоннок намоянд.