(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаҳои варзишии мактабиён оғоз гардид.Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи маориф, дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни наврасон баланд бардоштани маҳорати варзишӣ дар таътили зимистона Спартакиадаи мактабӣ ва мусобиқаи бозии футбол байни хонандагону наврасони шаҳр, барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2014» гузаронида мешавад. Бозии футбол байни наврасони солҳои таваллудашон 1997–1998, 1999–2000 ва 2001-2002 ва спартакиада бошад аз руи панҷ намуди варзиш - волейбол, (писарон, духтарон), баскетбол (писарон, духтарон), шашка (2 нафар писар, 2 нафар духтар) шоҳмот (2 нафар писар, 2 нафар духтар) тенниси рӯи миз (2 нафар писар ва 1 нафар духтар) гузаронида мешавад.

Мусобиқаҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ ва мактабҳои шаҳр гузаронида мешавад. Барои ғолибонМусобиқаҳои варзишии мактабиён оғоз гардид. диплом ва туҳфаҳои арзишманд супорида хоҳад шуд.